БАДАХШОН БОЗ СОҲИБИ 2 МЛН. ВАТТ НЕРӮИ БАРҚ МЕШАВАД
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар дарёи Модиёни Бадахшон сохтмони нерӯгоҳи нави барқи обӣ ба нақша гирифта шуд. Бино ба гуфти директори генералии ширкати «Помирэнерҷӣ» Далер Ҷумъаев, ҳанӯз пеш аз оғози соли нави 2010 намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, Бонки олмонии «kf — W» ва ширкати «Помирэнерҷӣ» ҷойи сохтмони нерӯгоҳи хурди барқи обии «Модиён» — ро, ки бо иқтидори 2 мегаватт ( як мегаватт баробари як млн.ватт) сохта мешавад, дида баромаданд. Бонки олмонии «kf — w» бо мақсади сохтмони ин нерӯгоҳ 5 млн. евро ҷудо намудааст, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ин маблағ барои сохтмони нерӯгоҳи нави барқи обии «Модиён» ва азнавсозии нерӯгоҳи барқи обии Оқсу ва то 800 кВт зиёд намудани иқтидори он равона карда мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






