БАДАНИ КӮДАКИ 8 – СОЛА СӮХТ

Март 15, 2010 14:27

Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 15 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти молии умумии 20 ҳазору 921 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои корманди маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ Толиб Ҳаётов, масоҳати умумии сӯхторҳо 485 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Чун ҳарвақта сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд. Дар давоми ҳафта дар вилояти Суғд – 5, вилояти Хатлон – 4, шаҳри Душанбе – 3, ноҳияи Ваҳдат – 2, ноҳияи Турсунзода — 1 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Чунин ҳодиса 13 марти соли равон аз беэҳтиётона истифода бурдани гармидиҳандаи тамғаи «Мечта» сабаби ба амал омадани сӯхтор дар манзили истиқоматии шаҳрванд Тоҳир Охунови 59 – сола, сокини шаҳри Конибодоми вилояти Суғд гардид. Ҳангоми сӯхор дар масоҳати 25 метри мураббаъ молу амволи хона сӯхта зарар дид. Тафтиш муайян намуд, ки гунаҳкор соҳибхона буда, зарар аз сӯхтор 3 ҳазору 830 сомониро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки дар вақти сӯхтор соҳибхона Т. Охунов 2 дараҷа ва наберааш Искандар Отаеви 8 – сола 3-4 дараҷаи сӯхта бардоштанд. Айни замон барои табобат дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.         

Март 15, 2010 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!