БАРҚИЯИ ҲАМДАРДИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА УНВОНИ ПРЕЗИДЕНТИ РУСИЯ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 март ба унвони Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев барқияи ҳамдардӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Дмитрий Анатолиевичи мӯҳтарам, аз хабари нохуши таркишҳо дар истгоҳҳои метрои Маскав сахт андӯҳгин гардидам, ки бар асари онҳо теъдоди зиёди одамон ҳалок гардидаанд. Ин амалиёти ваҳшиёна бори дигар зарурати ҳамкории ҳамаҷонибаи моро дар мубориза ба муқобили зуҳуроти нафратовари замони ҳозира, аз чумла терроризм ва ифротгароӣ бори дигар таъкид менамояд. Чунин амалиёти ғайриинсонӣ ва бераҳмонаро шадидан маҳкум карда, аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ҳамдардии самимонаи моро ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшуда расонед».








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






