БАРҚИЯИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҲУСНӢ МУБОРАК
11 марти соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак барқияи таъзия ирсол дошт, ки дар он омадааст: Ҷаноби мўҳтарам, бародари азиз Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак, Президенти Ҷумҳурии Миср. Бо камоли ҳузну андўҳ хабари вафоти Имоми Акбар шайхи Азҳари Шариф доктор Муҳаммад Сайид Тантовиро дарёфт намудам. Марҳум барои мардуми Тоҷикистон ва тамоми халқҳои мусулмон бо хидматҳои бузургаш ба дини мубин ва шариати мо азизу гиромӣ буд. Бо изҳори самимонатарин ҳамдардиву тасаллият аз ин талафоти ҷонсўзи мардуми Миср ва тамоми мусалмонон аз Эзиди таоло масъалат, дорам, ки ба наздикони марҳум сабру таҳаммул ато фармояд, фақиди гиромиқадрро раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат кунад. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






