БАРҚИЯИ ТАССАЛИЯТ Э. РАҲМОН БА НАЗДИКОНИ ҲАЛОК ГАШТА ДАР МАСКАВ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандону наздикони шаҳрвандони мамлакат, ки бар асари ҳодисаи террористӣ дар шаҳри Москва ҳалок гардидаанд барқияи тассалият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: Амалиёти даҳшатангези террористӣ, ки 29-уми марти соли 2010 дар метрополитени шаҳри Москва рўй дода, боиси ҳалокати даҳҳо одамон гардид, моро сахт андўҳгин сохт. Мо ин амалиёти бадкирдоронаро, ки ҳадафаш халалдор кардани субот дар ҷомеа ва низоъ андохтан дар байни мардум мебошад, қатъиян маҳкум намуда, ба хешу ақрабои ҳалокшудагон таъзия ва ҳамдардӣ изҳор менамоем. Дар байни фавтидагон 3 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам мебошанд. Аз марги фоҷианоки ҳамватанонамон огоҳӣ ёфта, бо эҳсоси ғаму андўҳи зиёд ба аҳли хонавода ва хешу табори онҳо изҳори ҳамдардии амиқ баён месозам. Тамоми хароҷот марбут ба интиқолу дафни ҳамватанони ҳалокушдаро Ҳукумати Тоҷикистон ба зиммаи худ мегирад. Бори дигар ба пайвандону наздикони қурбониёни ҳодиси террористии шаҳри Москва ҳамдардии худро баён карда, ба онҳо аз даргоҳи худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам.








Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






