БАРОИ ДУЗДИИ БОРҲОИ ТОҶИКИСТОН КӢ БОЯД ҶАВОБ ГӮЯД?

Март 29, 2010 12:17

  Душанбе, 29 март (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо чунин савол хабарнигори АМИТ «Ховар» ба сардори умури мусофиркашонии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Андрей Тронин муроҷиат намуд. Вазъияти дар роҳи оҳан ва истгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба амал омадаро  дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон шарҳ додан намехоҳанд,- иброз дошт Андрей Тронин. Бояд тазаккур дод, ки айни замон беш аз 700 қатора бо борҳои гуногун, ки аксарияти он барои сохтмони НОБ –и «Роғун» молу масолеҳи сохтмонӣ доранд,  бо ҳар баҳона дар ҳудуди Ӯзбекистон манъ карда шудаанд.  Рӯзҳои ахир аз тарафи роҳи оҳанчиёни Ӯзбекистон баҳонаҳое пеш оварда мешавад, ки гӯё қатораҳои Туркманистон садди роҳи гузаштани қатораҳои Тоҷикистон шуда бошанд. Қатораҳои Тоҷикистон дар тамоми роҳи оҳани Ӯзбекистон, аз ҷумла, Термиз, Қаршӣ ва истгоҳи Хавост нигоҳ дошта мешаванд ва барои нишон додани он, ки қатораҳо дар ҳаракатанд онҳоро аз як истгоҳ ба истгоҳи дигар кашонда мешаванд, яъне танҳо ҷояшон иваз мешавад, дар амал бошад қатораҳо беҳаракатанд,- мегӯяд А. Тронин.

Март 29, 2010 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд