БО ТАШАББУСИ «ХОВАР» ОЗМУН ТАШКИЛ ХОҲАД ШУД

Март 3, 2010 09:19

Душанбе,  3 март. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  2  март  дар  шаҳри  Боку  маҷлиси  11 – уми  Шӯрои роҳбарони   агентиҳои давлатии иттилоотии  мамлакатҳои  ИДМ давом  кард. Дар  он  раиси  Шӯрои  мазкур,  директори генералии  ИТАР – ТАСС Виталий  Игнатенко  маърӯза  намуд. Вай,  аз  ҷумла саҳми  калони  воситаҳои  ахбори оммавии  мамлакатҳои  ИДМ – ро дар  бобати  инъикоси  саҳми  ҳамаи  халқҳои  шӯравӣ   дар  ғалаба  бар  фашизм,  роҳ  надодан  ба  таҳрифи  таърих,  ҷалби  таваҷҷӯҳи  ҷомеа  ба  проблемаҳои   ҳаёти  иштирокчиёни  ҷанг,   муҳофизати  ҳайкалҳои  ёдгорӣ  ва  қабристонҳои бародарии  аз  солҳои  ҷанг  боқимонда ва  ғайраро таъкид  кард.   Зикр  шуд, ки  воситаҳои  ахбори  оммавӣ  ба  муқобили  зуҳуроти  номатлуби   ифротгароёна  ва  паҳн  намудани   хусумати  миллӣ   дар  ҷомеа   фаъолона  мубориза  бурда  метавонанд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  дар  маҷлис директори генералии  Агентии  миллии  иттилоотии «Ховар» — и  Тоҷикистон  Садриддин  Шамсиддинов  маърӯза  кард. Вай  гуфт, ки  бо ташаббуси  АМИТ «Ховар»  соли  2010  дар  доираи  ИДМ  таҳти  унвони  «Ватан»  озмуни  суратҳо  ташкил  карда  хоҳад  шуд. Озмуни  мазкур  ба  65 – солагии  ғалаба  бахшида  мешавад. Иштирокчиёни  маҷлис  инчунин  масъалаҳои  марбут  ба  таҷлили  20 —  солагии  ИДМ – ро  баррасӣ  намуданд, ки соли  2011  ҷашн  гирифта  мешавад. Президенти  Ҷумҳурии  Озарбойҷон  Илҳом  Алиев 1 март  бо  иштирокчиёни  маҷлис  мулоқот  кард. Вай  зикр  намуд, ки  чунин  мулоқотҳо   барои  ҳусни  тафоҳуми  мамлакатҳо  ва  халқҳои онҳо  шароит  ба  вуҷуд  меоранд.  Дар  ин  масъала  воситаҳои  ахбори оммавӣ  ва   агентиҳои  иттилоотӣ  нақши  бузург  бозида  метавонанд.  Қайд  карда  шуд, ки  воситаҳои  ахбори оммавӣ  ба  ҳамдигарфаҳмӣ  ва  қаробату   ҳамкории  халқҳо   мусоидат  менамоянд. Вале  баъзан,   бар  акси   ҳол  мушоҳида  мешавад. Дар  баъзе  мавридҳо  хабари ғаразнок  ё  дорои  далелҳои  нодуруст  ё  иттилооти  фармоишӣ  ба  муносибатҳои  дуҷонибаи  халқҳо  ва  мамлакатҳо  зарари  калон  мерасонанд. Бинобар  ин,   ҳам  сиёсатмадорон  ва  ҳам  кормандони  воситаҳои  ахбори оммавӣ  бояд   пеш  аз  ҳама  вазифаи  худро  бо  ҳисси  масъулиятшиносӣ иҷро  намоянд.

Март 3, 2010 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад