БОНКИ &#1206А&#1202ОН&#1250 АСОСНОКИИ ТЕХНИКИЮ ИҚТИСОДИИ НБО «РО&#1170УН» -РО ТАФТИШ МЕНАМОЯД

Март 10, 2010 15:14

Душанбе,  10 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Мудири  минтақавии  Бонки  ҷаҳонӣ  дар  мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ Моту Кониши имрӯз  баъди  мулоқоташ  бо  Президенти  ҷумҳурӣ  Эмомалӣ  Раҳмон  бо  журналистон  сӯҳбати  мухтасар анҷом  дод.  Вай  зикр намуд, ки  зимни  сӯҳбат  дар  бораи тафтиши   асоснокии  техникию  иқтисодии   сохтмони   НБО «Роғун  ва таъсири он  ба  муҳити  зист  паймон  карда шуд. Ба  қавли  М.Кониши,  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳанӯз  чанд  сол  пеш Бонки  ҷаҳониро  даъват  карда буд, ки  асоснокии   техникию  иқтисодии  сохтмони  НБО «Роғун» — ро ташхис  намояд. Вале  Бонки  ҷаҳонӣ   муддати  тӯлонӣ  манбаи  сармоягузориро  барои   тафтиши  асоснокии  техникию  иқтисодии  нерӯгоҳ  сарф  намуд.  Дар  ин  масъала   бо  мамлакатҳои  ҳамсояи  Тоҷикистон  низ   маслиҳату  машварат  карда шуд.  Президент  таъкид  кард, ки  тамоми  тадбирҳои  ташхиси  нерӯгоҳ  бояд   дар  сатҳи  баланди  байналмилалӣ  анҷом  дода шаванд. Инчунин  талаб  карда  шуд, ки   натиҷаҳои ташхис  ба  маълумоти   ҳамаи  мамлакатҳои  манфиатдор   расонда шаванд.  Онҳо  бояд  боварӣ  кунанд, ки   натиҷаҳо  ва  сифати  ташхис  ба  талаботи  меъёрҳои  байналмилалӣ  мувофиқ  мебошанд. М.Кониши   изҳор  намуд, ки   дар ташхиси  асоснокии   техникию иқтисодии нерӯгоҳ   на танҳо  Бонки  ҷаҳонӣ  ширкат  меварзад,  ба  он   коршиносони  дараҷаи  олӣ,   намояндагони   ҳамаи  мамлакатҳои  манфиатдор   ҷалб  карда  хоҳанд  шуд. Мувофиқа  ба  даст  оварда  шуд, ки  дар  мавриди  таъини  асоснокии  техникию  иқтисодии  нерӯгоҳ,   Бонки  ҷаҳонӣ  ба ташкили  консорсиуми  байналхалқӣ  барои  сохтмони  НБО «Роғун»  мусоидат  хоҳад  кард.  Бонки  ҷаҳонӣ  ва  роҳбарияти  Тоҷикистон  ният  доранд, ки   дар  ин  масъала  меморандуми  ҳусни  тафоҳум  имзо  кунанд. Дар он  нақши  Бонки  ҷаҳонӣ  дар  бобати   мусоидат  ба   ташкили  консорсиуми  байналмилалӣ   муайян  карда  мешавад. М. Кониши  дар бораи  мӯҳлати  гузаронидани ташхис  сухан  ронда, зикр  намуд, ки  мувофиқи тартиботи  муқарраршуда  барои  оғози  тафтиш   се  моҳ   зарур  аст.  Баъди  ин  барои муайян  намудани   созмони ташхискунанда  озмун  гузаронида  мешавад. Барои  гузаронидани  ташхис  аз  12  то  18  моҳ  талаб  карда  мешавад.  Бояд  гуфт, ки ташхис давра ба  давра  гузаронида хоҳад  шуд.  Бонки  ҷаҳонӣ  дар  доираи  яке  аз  барномаҳои  худ  барои  гузаронидани ташхис  маблағ  ҷудо  мекунад,  гуфт М.Кониши. Мудири  минтақавии Бонки  ҷаҳонӣ  дар  ҷавоби  саволи  журналистон  роҷеъ ба  масъалаҳои   идомаи  сохтмони  нерӯгоҳ  дар  ҷараёни  ташхис  зикр  кард, ки   корҳои  барқароркунӣ  дар   нерӯгоҳ   давом дода  хоҳанд  шуд. Бо  ин  мақсад  муҳандисон  ва   мушовирони  байналхалқӣ  ба  назорати  сифати  корҳои  барқароркунӣ  ҷалб  карда  мешаванд. НБО «Роғун»  мувофиқи нақша бояд дар  ду  навбат  сохта  шавад. Иқтидори  нерӯгоҳ  дар  навбати  аввал  ба  иқтидори  НБО «Сангтӯда – 1» баробар  хоҳад  шуд. Дар  навбати  дуюм  баландии  банди  обанбори он  бо  банди обанбори  НБО «Норак»  баробар  карда  мешавад.  Ин  қисмати  нисбатан  серхароҷоти  сохтмони нерӯгоҳ  мебошад. Бинобар  ин  қарор  дода шуд, ки  консорсиуми  байналхалқӣ  дар  навбати дуюми  сохтмони  нерӯгоҳ  ба  маблағгузорӣ  шурӯъ  намояд. М.Кониши  ба  Президент  хабар  дод, ки  дар  доираи барномаи  КАСА – 1000 то  моҳҳои  август  ва  сентябри  соли  равон  дар байни  Тоҷикистон,  Афғонистон  ва  Покистон  хати  баландшиддати  интиқоли  барқ  кашида  хоҳад  шуд.  То  ин вақт  ҳисоботи  аввалин дар  бораи  асоснокии  техникию  иқтисодии  сохтмони  НБО  «Роғун»  пешниҳод  карда  мешавад,  гуфт  дар  хотима  мудири  минтақавии Бонки  ҷаҳонӣ.  

Март 10, 2010 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад