БОРХАЛТАЕ, КИ 8 КГ ГЕРОИН ДОШТ
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони бахши мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷ. Расулови вилояти Суғд дар кӯчаи ба номи Ленин шаҳрванд Раҳимҷон Ҳакимов, соли таваллудаш 1975, истиқоматкунандаи ноҳияи Истаравшан, ҷамоати Гули Сурх, дастгир карда шуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи Р.Ҳакимов маводи сахттаъсири героин, ки вазнаш 8 кг 700 гр-ро ташкил медод, дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






