ЧАРО ТАШКИЛОТ&#1202ОИ БАЙНАЛМИЛАЛ&#1250 АЗ &#1202АЛЛИ ПРОБЛЕМА&#1202ОИ ҶТ ЧАШМ МЕПӮШАНД?

Март 27, 2010 09:27

        Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Таҳти сарпарастии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 марти соли 2010 дар бинои намояндагон ОБСЕ ҷаласаи навбатии ҳамкории ташкилотҳои байналмилалӣ ва ассотсиатсияҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.        Дар кори ҷаласа намояндагони ташкилотҳои байналмилалии ОБСЕ, Лоиҳаи ҳамкории Олмон оид ба рушд (GTZ), USAID ва Корпоратсия байналмилалии молиявӣ (IFC) ширкат варзида, бо намояндагон ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ лоиҳаи нақша-чорабиниҳои минбаъдаи ҳамкориро ҷиҳати татбиқи ислоҳоти амалинамудаистодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баррасӣ намуданд.        Инчунин, намояндагони ассотсиятсияҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни ҷаласаи мазкур оид ба бетарафии ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли қазияи соҳибкороне, ки зиёда аз як моҳ наметавонанд молу маҳсулоти худро (зиёда аз 400 қатораҳои боркашонӣ) тавассути Роҳи оҳани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон интиқол диҳанд, изҳори нигаронӣ намуданд. Аз ҷумла, қайд шуд, ки чаро ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҳалли чунин проблемаи актуалии соҳибкорӣ нақши нозири бетарафро интихоб намуда, аз мушкилоти ҷойдошта чашм мепӯшанд. Ҳол он, ки тибқи меъёрҳои муқарраршудаи байналмилалӣ муддати тўлонӣ боздошт намудани қатораҳои боркашонии як давлат дар ҳудуди давлати дигар қобили қабул нест.        Ҳамзамон, зикр гардид, ки бо дарназардошти ба вуҷуд омадани ҳолати мазкур, ба соҳибкорон ва аҳолии Тоҷикистон, ки дар арафаи кишту кори баҳорӣ қарор доранд, зиёни калони молиявӣ расонида, ба амнияти озуқавории давлат хатари ҷидди ворид хоҳад шуд.         Мавриди зикр аст, ки Муроҷиатномаи ассотсиатсияҳои соҳибкории Чумҳурии Тоҷикистон унвонии ташкилотҳои байналмиллалӣ, сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ бо мақсади мусоидат дар ҳалли мушкилоти пешомада ба имзо расидааст.

Март 27, 2010 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид