ЧОРАБИНИҲОИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модарон 5 марти соли ҷорӣ дар Маркази фарҳангӣ-фароғатии ҷавонон «Ориёно» чорабинии фарҳангӣ доир мегардонад. Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи мазкур иттилоъ доданд, дар ин чорабинӣ озмуни маърифатии «Гули мурод» байни ҷавондухтарони лаёқатманду соҳибистеъдоди макотиби олии пойтахт баргузор мегардад, ки дар он донишҷӯдухтарони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо иҷрои барномаҳои мухталифи ҳунарӣ ширкат меварзанд. Бояд қайд намуд, ки доираи мавзӯъоти чорабинии мазкурро ифодаи рисолаи «Сарчашмаи ягонаи ҳастӣ ва ҳаёт зан-модар» дар бар мегирад. Дар назар аст, ки дар ин чорабинӣ Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов иштирок хоҳад кард.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






