ДАСТИ КӮМАКИ ҲУКУМАТИ ҶОПОН БА АҲОЛИИ КАМБИЗОАТ

Март 12, 2010 11:26

Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-   Аз дафтари матбуотии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  аз номи Ҳукумати Ҷопон  тавассути барқарорсозии Маркази нобиноён ва созмони Маркази занон ба табақаи аҳолии эҳтиёҷманди Тоҷикистон кӯмакҳои бебозгашт расонида мешавад. Худи дирӯз ҷаноби Йошихиро Накаяма — сарпарасти сафорати Ҷопон дар ҶТ, сарвари Маркази иҷтимоӣ — эҳёкунии ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа Умар Ёров, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Сайёр» — и ноҳияи Ваҳдат  Гавҳар Хоҷаева дар ҳузури муовини аввали вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Эмин Сангинов, созишномаи грантӣ ба маблағи умумии 168 ҳазору 367 доллари амрикоӣ ба имзо расониданд. Лоиҳаи мазкур, дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши бештари аҳолии камбизоат аз тарафи Ҳукумати Ҷопон амалӣ мегардад.  

Март 12, 2010 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд