ДАЪВОИ БЕАСОСИ МАРЗБОНОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Март 3, 2010 15:44

Душанбе,  3 март. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Сайтҳои  интернетии  Русия  ва  Тоҷикистон  2  март  хабар   доданд, ки  1  марти  соли равон  дар  ноҳияи Бекободи  вилояти  Тошканд   марзбонони  ӯзбек  30  нафар  шаҳрванди  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  бо  ҷурми  ғайриқонунии  гузаштаи онҳо  аз  сарҳади  давлатии  Ӯзбекистон  дастгир  намудаанд. Аз  ҷумла,  намояндаи  дафтари  матбуоти  Кумитаи  ҳифзи  сарҳади  давлатии  Хадамоти  амнияти  миллии  Ӯзбекистон  Раззоқ Шоимардонов  изҳор  намуд, ки  сарҳадшиканон  ба  мақомоти  корҳои  дохилӣ  супорида шуданд ва  рӯзҳои  наздик аз  қаламрави  мамлакат   ронда  хоҳанд  шуд. Ба  қавли  Р.Шоимардонов,   шахсони  дастгиршуда  пеш  аз  ин  ҳам аз  гузаргоҳҳои   қонунии  сарҳадӣ ба  қаламрави  Ӯзбекистон гузашта, барои таъмини  рӯзгорашон  маводи  хӯрокаи  зарурӣ  харид  мекарданд.  Вай  таъкид  кард, ки  одамони  дастгиршуда бо  сабаби як  ҳафта боз  баста  будани гузаргоҳҳои  сарҳадии  Тоҷикистон  ночор  аз  сарҳади  давлатии  Ӯзбекистон  гузаштаанд. Вале  сардори дафтари  матбуоти  Раёсати  умумии  артиши  марзбони  Кумитаи давлатии   амнияти  миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Хушнуд  Раҳматуллоев   хабари  мазкурро  рад  намуд. Вай  зикр  кард, ки   даъвои   ҷониби  Ӯзбекистон  ягон  асоси  воқеӣ  надорад.

Март 3, 2010 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад