ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Ҳайати Бонки рушди Осиё таҳти роҳбарии директори генералии раёсати Осиёи Марказӣ ва Ғарбии бонк Хуан Миранда ба Тоҷикистон меояд. Ба ҳайат инчунин муовини директори генералии бонк Вернер Липах ва мушовири калони он Татсуй Канай шомиланд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аъзои ҳайат зимни сафар бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мансабдорони калони Ҳукумати мамлакат мулоқот карда, масъалаҳои расондани кӯмаки бонкро ба Тоҷикистон бо мақсади тақвияти ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт, инчунин рушди сектори хусусӣ муҳокима менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






