ДУРНАМОИ ВАЗОРАТ БАРОИ СОЛИ 2010 ТАСДИҚ ШУД

Март 1, 2010 10:48

Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловазод).- Дар Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дурнамои вазорат барои соли 2010 тасдиқ шуд. Кишоварзони ҷумҳурӣ азм доранд, ки дар соли ҷорӣ истеҳсоли пахтаро ба 370 ҳазор тонна, ғалла ба 1 млн. 119  ҳазор тонна, аз ҷумла истеҳсоли гандумро ба 784 ҳазор тонна, картошка – 724, сабзавот -950, полезӣ — 298, мева – 278, ангур – 145,  гӯшт – 138, шир ба 631 ҳазор тонна ва тухмро ба 164 млн. дона расонанд. Барои ноил шудан ба ин мақсад аз ҳозир омодагиҳо барои кишти баҳорӣ дар тамоми  хоҷагиҳо  ба таври зарурӣ ташкил карда шудааст. Мутахассисон умед доранд дурнамои пешбинишударо то ҳадди имкон амалӣ гардонанд.    

Март 1, 2010 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд