Э. РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ СИНГАПУР ВА БРУНЕЙ ДОРУССАЛОМ РАФТ

Март 30, 2010 08:55

30 марти соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафарҳои нахустини давлатӣ ба Ҷумҳурии Сингапур ва Бруней Доруссалом рафт. Дар фурўдгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов ва дигар ашхоси расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, Раиси бонки миллӣ Шариф Раҳимзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Гулов ва гурўҳи калони соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд. Зимни сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Сингапур мулоқотҳои  Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Сингапур Селлапан Рама Натан ва роҳбарияти парлумону ҳукумати он ва ҳамчунин форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Сингапур дар назар дошта шудааст. Барномаи  сафари давлатӣ ба Бруней Доруссалом низ саршор аз мулоқоту сўҳбатҳои босамар, аз ҷумла бо Султони давлат ҳассанал Болкиаҳ хоҳад буд. Дар ҳарду давлат ба имзо расидани як зумра санадҳои қарордодӣ — ҳуқуқӣ  барои барпо намудани заминаи нахустини ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар назар аст.

Март 30, 2010 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад