Э. РАҲМОН БА А. ГУЛ БАРҚИЯИ ҲАМДАРДӢ ФИРИСТОНД
9 марти соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул барқияи ҳамдардӣ фиристонд, ки дар он аз ҷумла омадааст: Ҷаноби Олӣ, Хабари зилзила дар музофоти Элазиг, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андўҳгин намуд. Аз номи худ ва тамоми халқи Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба мардуми дўсти Туркия изҳор намуда, ба наздикони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам. Инно лиллоҳи ва инно алайҳи роҷиъун.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






