Э. РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ТЕҲРОНИ ДАР ТАНТАНАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРЎЗӢ

Март 27, 2010 13:48

27 марти соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тантанаҳои байналмилалии наврўзӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Баҳри иштирок дар чорабиниҳои бошукўҳи Наврўзи ҷаҳонӣ ба шаҳри Теҳрон ҳамчунин роҳбарони давлатҳои Афғонистон, Туркманистон, Ироқ ва намояндагони воломақоми Озарбойҷону Туркия ва дигар кишварҳои ҷашнгирандаи Наврўз ташриф овардаанд. Ҷашни ҷаҳонии Наврўз бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон, қироати чанде аз оёти қуръони карим ва пахши мусиқии инъикоскунандаи рўҳу равони Наврўз дар Эронзамин ва дигар кишварҳои  ҷаҳон оғоз ёфт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба аҳли ин ҳамоиши пурифтихор ва ҳамаи мардумони олам, ки Наврўзро ҷашн мегиранд, ҷаҳонишавии ин иди фархундаи бостонӣ ва афзояндаи дўстию рафоқати миёни фарҳангҳою тамаддунҳои гуногунро табрику таҳният гуфт. Эмомалӣ Раҳмон, Наврўзро «пайвандгари халқҳо ва фарҳангҳо дар гузашта ва имрўз» маънидод карда, аз даргоҳи Худованди карим дархост намуд, ки «иди ҷаҳонии Наврўз ҳамеша инсонҳоро ба ҳамдигар наздиктар ва аз сарвати дўстию бародарӣ баҳравар намояд, барои истиқрори сулҳу ваҳдат ва аз байн бурдани низоъҳою бегонагиҳо дар ҷаҳон мусоидат кунад». Дар ҳамоиши ҷаҳонии наврўзӣ роҳбарон ва намояндагони воломақоми дигар кишварҳо низ суханронӣ намуданд. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Манучеҳри Муттакӣ бо ифтихору сарфарозии зиёд изҳор дошт, ки ба таври минтақавӣ таҷлил шудани ин иди хуҷастаи бостонӣ ду сол қабл миёни се кишвари ҳамзабон – Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе оғоз ёфта, соли гузашта дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон идома ёфт ва имсол ба навбати баргузориаш дар Эрон Наврўз иди ҷаҳонӣ шуд.      

Март 27, 2010 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад