ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ИҶЛОСИЯИ МН МО ҶТ

Март 16, 2010 16:19

16 марти соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 4 – ум иштирок ва суханронӣ намуд. Кори  иҷлосияи  якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати нави вакилони халқ, ки рўзи 28 феврали соли равон интихоб шуда буданд, аз ҷониби вакили аз ҳама калонсол, Раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон Амир Қароқулов кушода эълон гардид. Дар оғози иҷлосия нахуст Комиссияи муваққатии  баҳисобгuрии овозҳо оид ба интихоби   мақомоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Котиботи муваққатии ҷаласаи якуми иҷлосияи  якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Сипас тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакил Шермуҳаммади   Шоҳиён номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии  № 12 – Рашт Шукурҷон Зуҳуров, ки аз замони ҳокимияти шўравӣ ва тамоми  солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ ва  ҳукумати кишвар софдилона ва содиқона адои хизмат намудааст, пешниҳод карда шуд. Хизматҳои арзандаи Шукурҷон Зуҳуров дар корҳои муҳимми давлатӣ, аз ҷумла дар раванди барқарорсозии сулҳу суботи Тоҷикистон, ба ватан баргардондани гурезагон ва кордонию хоксории ў ҳамчунин аз ҷониби вакилони халқ Акрамшо Фелалиев, Саиди Ёқубзод ва Галия Рабиева таъкид гардид. Шукурҷон Зуҳуров тариқи овоздиҳии пинҳонӣ бо 100% овозҳои вакилон ба вазифаи  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Сипас бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини якум ва муовинони раиси Маҷлиси намояндагон тавассути воситаҳои овоздиҳии электронӣ интихоб карда шуданд. Ба вазифаи Муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ва муовинҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – вакил аз ҳавзаи интихоботии № 14 — Бобоҷон Ғафуров Назира Ғаффорова ва вакил аз ҳавзаи интихоботии № 41 – Хорўғ Мерганд Шабозов интихоб гардиданд. Баъд аз ин бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва овоздиҳии вакилон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 кумита ва 2 комиссия таъсис ёфт ва раисони ин сохторҳо интихоб карда шуданд. Ҳамин тариқ вакил аз ҳавзаи интихоботии № 1 – Фирдавсӣ Маҳмадалӣ Ватанов – Раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 4 – Сино Шермуҳаммад Шоҳиён – Раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 38 – Муъминобод Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович – Раиси Кумитаи иқтисод ва молия, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Саиди Ёқубзод – Раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 22 – Айнӣ Олим Салимзода — Раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 2 Исмоили Сомонӣ Марҳабо Ҷабборова — Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ — Раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 3 – Шоҳмансур Сафаралӣ Раҷабов — Раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии №20 – Исфара Амир Катаев — Раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 17 – Ашт Азизмат Имомов — Раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор ва вакил аз ҳавзаи интихоботии № 9 – Рўдакӣ Давлаталӣ Давлатзода —  Раиси Комиссияи одоби вакилон интихоб карда шуданд. Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якум ва муовинони раис ва раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Сипас дар ҳузури вакилон ва роҳбарияти нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд ва нахуст ҳамаи онҳоро бо мушарраф шуданашон ба мақоми олии вакилони мардумӣ табрику таҳният гуфта, мақомоти олии қонунбарори кишварро ба ҳамкории босамар ва содиқонаю софдилона бо мақомоти дигари ҳокимияти давлатӣ ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба вакилони қаблии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамарашон арзи сипос намуда, иттилоъ дод, ки Раиси собиқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев аз ҳисоби квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.      

Март 16, 2010 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд