ФАЛОКАТ ДАР РОҲИ МОШИНГАРД
Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Мудири шӯъбаи Вазорати нақлиёт ва алоқаи ҷумҳурӣ Владимир Багуманов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки 13 март дар километри 101 – уми роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд дар натиҷаи фуромадани сангу хоки зиёд мошини сабукрави тамғаи «Мӯсо» ба фалокат дучор шуд. Мошини мазкур 5 мусофир дошт. Дар натиҷаи фалокат 2 нафар ҳалок шуд, 2 нафари дигар дар ҳолати вазнин ба шифохона фиристода шуданд, 1 мусофири дигар то ҳол ёфт нашудааст. Мошини сабукрав дар натиҷаи фуромадани сангу хоки зиёд ба дарёи Фон сарнагун гардид. В.Багуманов зикр намуд, ки фасли баҳор, хусусан моҳи март дар роҳҳои кӯҳистон дар натиҷаи фуромадани тарма, омадани сел ва сангрезӣ фалокатҳои гуногун рух медиҳанд. Бинобар ин ронандагон бояд ҳамеша ҳушёрӣ ва эҳтиёткориро аз даст надиҳанд. Қайд карда шуд, ки роҳи мошингард дар муддати кӯтоҳ аз сангу хок тоза карда шуд ва айни ҳол рафту омади нақлиёт дар ин ҷо мӯътадил давом дорад. Аз Вазорати нақлиёт ва алоқа хабар доданд, ки дар километри 243 – юми роҳи мошингарди Душанбе — Кӯлоб – Хоруғ — Мурғоб тарма фуромадааст. Бо ҳамин сабаб рафту омади мошинҳои боркаш муваққатан манъ карда мешавад. Вале мошинҳои сабукрав аз ин минтақа бе ягон мамониат мегузаранд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






