ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ ОИДИ ТАКМИЛИ МИНБАЪДАИ СОХТОРҲОИ МАҚОМОТИ МАРКАЗИ

Март 9, 2010 13:53

Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон   Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади татбиқи минбаъдаи ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти идоракунӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ  ф а р м о н  м е д и ҳ а м: 1) Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. 2) Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. 3)   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: а) идораҳои зерини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис диҳад: — Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; — Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; — Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон; — Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии таъминоти амволи махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. б) дар мўҳлати се моҳ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба ҳамин Фармон мутобиқ намояд; в) масъалаҳоеро, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, аз ҷумла масъалаҳои ташкилию молиявӣ ва моддии мақомоти давлатии зикргардидаро ҳал намояд; г) ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои собиқ Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вогузор намояд. 4) Ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 №9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: а) дар банди 3: — аз сархати ҳафтум калимаҳои «ҳамчунин вазифаҳои собиқ Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои масъалаҳои дастгирии соҳибкорӣ» хориҷ карда шаванд; — сархатҳои ҳаштум  ва шонздаҳум хориҷ карда шаванд. б) дар Сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  30 ноябри соли 2006 №9 тасдиқ шудааст: — дар банди 1 сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад: «Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»; — аз банди 4 сархати дуюм хориҷ карда шуда, ба он сархати нав  бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; — дар банди 5 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»; — аз банди 5 сархати нўҳум хориҷ карда шуда, ба он сархатҳои нав  бо мазмуни зерин илова карда шаванд: «Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон».              Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ  Раҳмон   ш.Душанбе 9 марти соли 2010 №832

Март 9, 2010 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд