ГУФТУГӮИ ТЕЛЕФОНИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ

Март 5, 2010 08:58

Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар»). – Нимаи дуюми рӯзи 4 марти соли 2010 гуфтугӯи телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев баргузор гардид.    Сарони ҳарду давлати дӯст вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, роҷеъ ба раванди амалишавии қарордодҳои зимни мулоқолтҳои ахири хеш ба дастомада, мубодилаи афкор намуданд. Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба рӯзнома ва баъзе масъалаҳои ташкилии вобаста ба мулоқотҳои дарпешистодаи сарони давлатҳои ИДМ, СААД ва СҲШ ибрози андеша намуда, оид ба таҳким ва густариши  фаъолияти ин ниҳодҳо як қатор пешниҳодот, илова намуданд.   Сарони давлатҳо инчунин, ба масоили дорои характери минтақавӣ ва байналмилалидоштаи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, дахл намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Март 5, 2010 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад