ХАРИДИ САҲМИЯҲО ДАР НОБ –И «НОРАК»
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кормандони нерӯгоҳи барқи обии «Норак» бо мақсади харидории саҳмияҳои НБО –и «Роғун» дирӯз дар майдони назди бинои маъмурии нерӯгоҳ ҷамъомади тантанавӣ ва хариди оммавии саҳмияҳои НОБ –и «Роғун» — ро ташкил намуданд. Дар ин ҷо филиали дар Норак будаи «Ориёнбонк» фурӯши саҳмияҳоро ба роҳ монд. Бино ба гуфти сардори маркази матбуотии ҶСШК «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ, кормандони НОБ — и «Норак» барои дастгирии сохтмони НОБ – и «Роғун» аз моҳи январи соли ҷорӣ то 4 – уми март ба маблағи 1 млн. 922 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои онро харидорӣ намудаанд. Кормандони нерӯгоҳи НОБ – и «Роғун» ният доранд, ки саҳмияҳои «Роғун» -ро то ба итмом расидани сохтмон харидорӣ намоянд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






