ХАТМИ КУРСҲОИ КӮТОҲМУДДАТ

Март 19, 2010 09:36

            Душанбе,  19 март. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  17  март  дар Агентии назорати  маводи  нашъадори  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  маросими  супоридани  сертификатҳо ба  шунавандагони  курси  кӯтоҳмуддати  чорҳафтаинаи кормандони  политсияи  Афғонистон  баргузор  гардид.  Курсҳои  мазкурро  Вазорати  корҳои дохилӣ  ва  Агентии назорати  маводи  нашъадори  Тоҷикистон бо  кӯмаки  молиявии  Созмони  амнияту  ҳамкории  Аврупо  ташкил  карда буданд.              Ин  дафъа курси  мазкурро 35  нафар корманди  политсияи  Афғонистон хатм  кард. Дар  маросими   хатми  курсҳо  роҳбари  намояндагии САҲА  дар  Тоҷикистон  Ивар  Вики,  директори  Агентии назорати  маводи  нашъадори    Тоҷикистон Рустам  Назаров, намояндаи  сафоратхонаи  Афғонистон  дар  Тоҷикистон,  иҷрокунандаи  муваққатии  вазифаи  сафири  Ҷопон  дар  Тоҷикистон ва  сардори Академияи ВКД  Тоҷикистон  ширкат  варзиданд.

Март 19, 2010 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад