ИҚДОМИ НАҶИБИ ШАҲРДОРӢ
Душанбе, 29 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд. Тибқи он аз 1 апрели соли равон ҳар моҳ аз ҷониби шаҳрдорӣ тӯйҳои хатнасур ва арӯсию домодии фарзандони оилаҳои камбизоат бо кӯмаки шахсони саховатпеша ба таври ройгон гузаронида мешавад. Барои татбиқи ин қарор аз соҳибмулкони иншооти фарҳангию фароғатии пойтахт хоҳиш карда шудааст, ки барои ба таври ройгон гузаронидани тӯйҳои домодию арӯсӣ ва хатнасури фарзанданони оилаҳои камбизоат на камтар аз як маротиба дар як моҳ мусоидат намоянд. Бояд зикр кард, ки масъалаи нақлиёти мусофиркаши тӯйҳои мазкур аз ҷониби шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва иштироки ройгони ҳунармандон аз ансамблу дастаҳои ҳунарии назди клуби марказонидашудаи шӯъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе таъмин мегардад. Аз ҳунармандони касбӣ ва ҳаваскор хоҳиш гардидааст, ки иқдоми наҷибро оид ба хизматрасонии ройгон дар тӯйҳои мазкур дастгирӣ намоянд. Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Гулистон» вазифадор шудааст, ки то 1-уми июни соли равон масъалаи ба роҳ мондани истеҳсоли либосҳои кӯдаконаро барои тӯйи хатнасур амалӣ созад. Аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо мақсади амалисозии ҳидоятҳои Сарвари давлат ҷиҳати расонидани кӯмак ба оилаҳои камбизоат дар пойтахт аз ҷониби шаҳрдории Душанбе ба ифтихори Наврӯзи хуҷастапай рӯзҳои 19 ва 27 март хатнасури 380 нафар бачаҳо гузаронида шуд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






