ИДИ КАСБИИ ЖУРНАЛИСТОН
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Кормандони воситаҳои ахбори оммавии Тоҷикистон имрӯз иди касбии худ — Рӯзи матбуоти тоҷикро ботантана таҷлил менамоянд. Рӯзномаи аввалин ба забони тоҷикӣ дар Бухоро соли 1912 бо номи «Бухорои Шариф» чоп шуда буд. Вале рӯзномаи мазкур ба амири Бухоро маъқул нашуд ва амр дод, ки онро банданд. Нашрияи минбаъда ба забони тоҷикӣ танҳо баъди барпо гардидани ҳокимияти шӯравӣ ва ташкили Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» дастраси хонандагон гардид. Баъдан номи нашрия ба «Тоҷикистони советӣ» иваз карда шуд. Ҳоло он бо номи «Ҷумҳурият» нашр мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 150 рӯзнома, асосан ҳафтанома ба забони тоҷикӣ ва сад нашрия ба забони русӣ ва забони миллатҳои дигар чоп мешаванд. Имрӯз дар пойтахти ҷумҳурӣ ва минтақаҳои дигари мамлакат бахшида ба иди касбии журналистон ҷамъомадҳои гуногун ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, баъди чошти имрӯз дар Театри давлатии драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба ин муносибат ҷамъомади серодам баргузор мегардад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






