ИМТИЁЗҲОИ РУСИЯ БАРОИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ СҲШ
Маскав, 15 март. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Мамлакатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай қарор додаанд, ки барои таҳсили донишҷӯёни худ дар Донишгоҳи созмон баъзе имтиёзҳои давлатӣ муқаррар намоянд. Муовини директори раёсати ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаҳои илму маорифи Вазорати маориф ва илми Русия Лариса Ефремова зикр намуд, ки Русия барои донишҷӯёни худ ҳатман чунин имтиёзҳо муқаррар хоҳад кард. Вай зикр намуд, ки имтиёзҳо барои донишҷӯёни Донишгоҳи СҲШ на барои тамоми давраи таҳсил, балки барои давраҳои алоҳидаи он ҷудо карда мешаванд. Қайд карда шуд, ки Донишгоҳи СҲШ фаъолияти худро солҳои аввал ба тариқи таҷриба ба роҳ мемонад. Бинобар ин танҳо барои донишҷӯёни алоҳида имтиёз дода мешавад. Яке аз масъалаҳои муҳими оғози фаъолияти донишгоҳ муқаррар намудан ва мувофиқа сохтани роҳу усулҳои ягонаи таъминоти молиявии он мебошад, гуфт Л.Ефремова. Донишҷӯёни аввалин ба Донишгоҳи СҲШ моҳи сентябри соли 2010 қабул карда мешаванд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






