ИМЗОИ ҚОНУНҲОИ НАВ АЗ ҶОНИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ

Март 12, 2010 07:43

11 марти соли 2010 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расид. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барўйхатгирии аҳолӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ», ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.  Қонунҳои ба имзорасида пеш аз ҳама ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзу ҳимояи манфиати давлату ҷамъият, шахсони ҳуқуқӣ, рушди хизмати давлатӣ, беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла фазои соҳибкорӣ, такмили низоми супоридани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, танзиму таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ нигаронида шуда, барои пешрафти минбаъдаи ҳаёти ҷомеа мусоидат мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 12, 2010 07:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад