ИМЗОИ ПРОТОКОЛИ ҲАМКОРӢ
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 17 март дар Вазорати нақлиёт ва алоқаи ҷумҳурӣ маросими имзои протоколи ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, инчунин ҳамкории техникию фарҳангӣ баргузор гардид. Ҳуҷҷатро аз ҷониби Тоҷикистон вазири нақлиёт ва алоқа Олимҷон Бобоев ва аз ҷониби Афғонистон вазири иқтисоди ин мамлакат Абдулҳодӣ Аргандавол имзо намуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлиси комиссияи байниҳукуматии ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон 12 масъала муҳокима карда шуд. Ҳар ду кишвар солҳои оянда дар соҳаҳои саноату энергетика, обёрии замин, нақлиёт, алоқа, гумрук, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, суғурта ва ғайра ҳамкорӣ хоҳанд кард. Маҷлиси чоруми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон дар Кобул баргузор мегардад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






