ИНТИҚОЛИ ПУЛ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Аз рӯи маълумоти шӯъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аввали соли равон ба вилоят нисбат ба соли гузашта 4,6 миллион доллари ИМА зиёд ба воситаи бонкҳои тиҷоратӣ маблағ ворид гардид. Дар давоми ду моҳи аввали соли 2010 коргарони муҳоҷири вилояти Суғд ба оилаҳои худ ба воситаи бонкҳои тиҷоратӣ 60,4 миллион доллари ИМА фиристоданд.