ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ БАРГУЗОРШУДА ВА ҲАҚҚОНӢ ҲИСОБИДА ШУД

Март 9, 2010 11:24

Душанбе, 9 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тибқи протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба натиҷаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3641778 шаҳрвандони ба рӯйхати  интихобкунандагон дохилшуда, 3289377 ё 90,3 фоиз интихобкунандагон дар овоздиҳӣ иштирок намуданд. Зикр шуд, дар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ, ки дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Мирзоалӣ Болтуев баргузор шуд. Зикр шуд, ки тибқи моддаи 48 Қонуни конститутсионии Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоботи парлумонии рӯзи  28 феврали соли 2010 дар Тоҷикистон,  баргузоршуда ва ҳаққонӣ ҳисобида шуд. Интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ ва низоми омехтаи интихобот сурат гирифт. Интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби: ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ; 41 ҳавзаи якмандатӣ; 3067 участкаи интихоботии ҷумҳурӣ ва 34 участкаи интихоботии дар хориҷи кишвар таъсисдода тайёр ва гузаронида шуд. Тибқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз 8 (ҳашт) ҳизби сиёсӣ рӯйхатҳои номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумораи умумии 109 нафар пешбарӣ гардиданд. Аз ҷумла: Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) дар ҳайати 21 нафар; Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) дар ҳайати 9 нафар; Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) дар ҳайати 13 нафар; Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) дар ҳайати 9 нафар; Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ҳайати 20 нафар; Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) дар ҳайати 8 нафар; Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) дар ҳайати 7 нафар; Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ҳайати 22 нафар. Тибқи муқаррароти банди 7 моддаи 35 Қонуни конститутсионии Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2010 №4  36 (ҲАТ — 15, ҲДТ — 7, ҲИИТ — 9, ҲСТ — 5) номзад хориҷ карда шуда, 73 номзад аз рӯйхатҳои дахлдори ҳашт ҳизби сиёсӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба қайд гирифта шуданд. Аз ҷумла:  Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ҳайати 6 нафар; Ҳизби демократии Тоҷикистон дар ҳайати  2 нафар; Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар ҳайати 4 нафар; Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар ҳайати 9 нафар; Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳайати 20 нафар; Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати 3 нафар; Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар; Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ҳайати 22 нафар. Тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2010 №4 ба бюллетен оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ворид карда шуданд: Ҳизби аграрии Тоҷикистон Ҳизби демократии Тоҷикистон Ҳизби ислоҳотии иқтисодии Тоҷикистон Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар бораи натиҷаи овоздиҳӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҳашт ҳизби сиёсӣ овозҳои интихобкунандагон чунин тақсим шуданд: Ҳизби аграрии Тоҷикистон                         166935 овоз ё 5,1 фоиз Ҳизби демократии Тоҷикистон                   33657  овоз ё 1,0 фоиз Ҳизби ислоҳотии иқтисодии Тоҷикистон 165324 овоз ё 5,03 фоиз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон               229080 овоз ё 7,0 фоиз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон         268596 овоз ё 8,2 фоиз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон                 18029 овоз ё 0,5 фоиз Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон      27006 овоз ё 0,8 фоиз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон     2321436 овоз ё 70,6 фоиз Шумораи овозҳои интихобкунандагоне, ки ба муқобили ҳамаи рӯйхатҳои умумиҷумҳуриявии номзадҳо дода ва бюллетенҳои беэътибор донисташуда, мувофиқан 37597 ё 1,1фоиз ва 21710 ё 0,9 фоизро ташкил доданд.  Ҳамин тариқ, тибқи моддаи 48 Қонуни конститутсионии Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳизбҳои сиёсии зерин ҳадди 5 фоизаро ноил нагардиданд ва аз гирифтани мандати вакилї аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ маҳрум шуданд: 1) Ҳизби демократии Тоҷикистон                     2) Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон                  3) Ҳизби сотсиал — демократии Тоҷикистон       Мувофиқи қоидаҳои пешбиникардаи моддаи 48 Қонуни мазкур ҳизбҳои сиёсии зерин миқдори дахлдори мандати вакилиро соҳиб гардиданд: 1) Ҳизби аграрии Тоҷикистон                              1 мандат 2) Ҳизби ислоҳотии иқтисодии Тоҷикистон      1 мандат 3) Ҳизби коммунистии Тоҷикистон                    2 мандат 4) Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон              2 мандат 5) Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон          16 мандат. Тибқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мӯҳлатҳои муқарраргардида 185 нафар номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ ва тибқи моддаи 35 Қонуни конститутсионии Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси   Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 153 нафар ба қайд гирифта шуданд. То 27 феврал тибқи моддаи 36 Қонуни мазкур 21 нафар номзадии худро пас гирифтанд ва тибқи моддаи 39 бақайдгирии 1 номзад бекор карда шуд.    Ба бюллетенҳои интихоботи пинҳонӣ аз 41 ҳавзаи интихоботии якмандатӣ 131 номзад навишта шуданд. Аз ҷумла: 6 номзадӣ дар 1 ҳавза; 5 номзадӣ дар 5 ҳавза; 4 номзадӣ дар 7 ҳавза; 3 номзадӣ дар 16 ҳавза; 2 номзадӣ дар 12 ҳавза. Мувофиқи протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар яке аз 41 ҳавзаи якмандатӣ бештар аз 80 фоизи интихобкунандагони ба рӯйхат дохилшуда дар овоздиҳӣ иштирок намуданд. Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳамаи 41 ҳавзаи якмандатӣ оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобот баргузоршуда ҳисобида шуд. Мувофиқи протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 131 номзадҳои ба бюллетени овоздиҳӣ воридшуда 40 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд. Аз ҷумла:   ШАҲРИ ДУШАНБЕ   Ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ № 1 Ватанов Маҳмадалӣ Маҳмадуллоевич Ҳавзаи интихоботи Исмоили Сомонӣ № 2 Ҷабборова Марҳабо Тухтасуновна Ҳавзаи интихоботи Шоҳмансур № 3 Раҷабов Сафаралӣ Ҳавзаи интихоботии А.Сино № 4 Шермуҳаммад Шоҳиён   ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ   Ҳавзаи интихоботии Турсунзода № 5 Баракатулло Атохоҷа Ҳавзаи интихоботии Шаҳринав № 6 Муқумова Сабоҳат Аминовна Ҳавзаи интихоботии Ҳисор № 7 Сироҷов Шарофиддин Ҳавзаи интихоботии Сомонӣ № 8 Рабиева Галия Рабиевна Ҳавзаи интихоботии Рудакӣ № 9 Давлаталӣ Давлатзода Ҳавзаи интихоботии Ваҳдат №10 Давлатов Убайдулло Абдуллоевич Ҳавзаи интихоботии Файзобод № 11 Ҳакимов Мироҷидин Дӯстмуродович Ҳавзаи интихоботии Рашт № 12 Зуҳуров Шукурҷон   ВИЛОЯТИ СУҒД   Ҳавзаи интихоботии Ҳӯҷанд № 13 Ҷаборов Домулоҷон Ҳоҷиевич Ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров № 14 Ғафорова Назира Абдуллоевна Ҳавзаи интихоботии Ӯрунхоҷаев № 15 Иномов Абдузафар Ҳавзаи интихоботи Ҷаббор Расулов №16 Саматова Мақсуда Абдугафуровна Ҳавзаи интихоботии Ашт № 17 Имомов Азизмат Холматович Ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ  № 18 Акилов Нурулло Иноятович Ҳавзаи интихоботии Исфара № 20 Катаев Амир Ҳабибович Ҳавзаи интихоботии Панҷакент №21 Самадов Шакарбек Додхоевич Ҳавзаи интихоботии Айнӣ № 22 Салимзода Олим Ҳавзаи интихоботии Истаравшан № 23 Саидмуродов Лютфилло Ҳабибуллоевич Ҳавзаи интихоботии Ғончӣ № 24 Холов Саттор Ҳавзаи интихоботи Спитамен № 25 Турдиматова Нодира Мирзоалиевна   ВИЛОЯТИ ХАТЛОН   Ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа № 26 Амиршоева Саодат Сангалиевна Ҳавзаи интихоботии Бохтар № 27 Маҳмадалиев Амирбек Темурович Ҳавзаи интихоботии Абдураҳмони Ҷомӣ № 28 Ҳисориев Маҳмадамин Исматович Ҳавзаи интихоботии Ёвон № 29 Самадов Турахон Давлатович Ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддини Румӣ № 30 Садуллоев Ҳабибулло Наимович Ҳавзаи интихоботии Қубодиён № 31 Садриддинов Бадриддин Талбакович Ҳавзаи интихоботии Вахш № 32 Салимов Абдуҷалол Ҳавзаи интихоботии Қумсангир № 33 Назриев Мусаябшо Ҳавзаи интихоботии Фархор № 34 Гиёев Сайфулло Неъматович Ҳавзаи интихоботии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ №35 Гулов Сафаралӣ Ҳавзаи интихоботии Данғара № 36 Каримов Маҳмадраҳим Ҳавзаи интихоботии Кӯлоб № 37 Сафаров Амирхон Ҳавзаи интихоботии Мӯъминобод № 38 Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович Ҳавзаи интихоботии Восеъ № 39 Латипов Рустам Баротович   ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН   Ҳавзаи интихоботии Ванҷ № 40 Ҷонов Нарзулло Ҳавзаи интихоботи Хоруғ № 41 Шабозов Миргант Шабозович Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Конибодом № 19 тибқи моддаи 49 Қонуни конститутсионии Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 14 марти соли ҷорӣ овоздиҳии такрорӣ гузаронида мешавад.  Дар ҷаласа инчунин аризаи Раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистон М.Собиров «Оид ба бекор кардани натиҷаҳои расман эълоншудаи раъйдиҳӣ» баррасӣ гардида, бинобар бо ариза пешниҳод накардани далелҳои шайъӣ ва надоштани асосҳои воқеъиву ҳуқуқӣ, рад карда шуд. То 5 марти соли 2010 ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 56 (39 то ва 17 баъд аз рӯзи овоздиҳӣ) арзу шикоятҳо ва дархостҳои  дорои мазмуни гуногун ворид шуд. Аз  ҷумла: 22 оид ба масъалахои тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5-тои он дар ҷаласаҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул шудаанд. Оид ба 7 арзу шикояте, ки санҷишҳои махсусро талаб менамоянд Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳо гузаронида истодаанд, ки баъд аз анҷоми санҷишҳо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳар кадоми онҳо дар доираи ваколатҳои худ қарорҳои дахлдор қабул хоҳад кард;  34 оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки ба баррасии мақомоти дахлдор фиристода шуданд. Аз ин ҳисоб 9 адад ба Прокуратураи генералӣ.      

Март 9, 2010 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад