ИЗҲОРОТИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН

Март 18, 2010 16:51

Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  имрӯз  дар  Қасри  миллат  баъди  анҷоми  маросими  имзои   ҳуҷҷатҳои  ҳамкории Тоҷикистону  Туркманистон  зимни  сӯҳбат бо  хабарнигорон  изҳор намуд: — «Дар  ҷараёни  мулоқот  бо  Президенти  Туркманистон хулоса   бароварда шуд, ки  ҳар  ду  ҷониб  дар ҳамаи  соҳаҳо  пеш  аз  ҳама  соҳаҳои  тиҷорату  иқтисод  имкониятҳои  калони   ҳамкорӣ доранд.  Истифодаи онҳо   муносибатҳо  ва равобити  ҳар  ду  кишварро боз  ҳам  бештар  густариш  хоҳанд  дод». Мо  боварӣ  дорем, ки  вусъати   минбаъдаи  равобити  сиёсӣ  ва   равнақу  ривоҷи  муносибатҳои  иқтисодӣ  ба  манфиатҳои  куллии  халқҳои  ҳар  ду  мамлакат  ҷавобгӯ  мебошанд. Дар  робита   қарор  дода шуд, ки  ҳамаи  имконоти  мавҷуда  барои   боз  ҳам  бештар  густариш  додани  муносибатҳо  ва  рушди  ҳамкории  хамаҷониба  истифода бурда шаванд,  гуфт  Эмомалӣ  Раҳмон. Ба  ин  ҳуҷҷатҳои  чанд  лаҳза  пеш  имзошуда  мусоидат  менамоянд. Мо  қарор  додем, ки  амалӣ  сохтани  тадбирҳоро  барои   вусъат  бахшидани  заминаи  қонунии  муносибатҳои байнидавлатӣ  давом  диҳем. Дар  замина  ҳамкорӣ  дар  соҳаҳои  муҳимтарини  иқтисодиёт,  аз  ҷумла  нақлиёт, кушодани  роҳҳои ҳавоӣ,  рафту  омади   шаҳрвандони  Тоҷикистону  Туркманистон  ба  мамлакатҳои  ҳамдигар,  ҷустуҷӯ ва  дарёфти  ҳавзаҳои нави  нафту  газ,  истеҳсоли  қувваи барқ,  ҳамлу  нақли  қувваи барқ  ва  гази табий,  саноат,  шуғли  аҳолӣ,  ҳалли  проблемаҳои  муҳоҷират  ва  ғайра  давом дода  мешаванд,  зикр  кард  Президенти  Тоҷикистон. Зимни  мулоқот  ба  густариш  додани  ҳамкорӣ  дар  соҳаҳои  фарҳанг,  туризм,  варзиш,  сиёсати  ҷавонон ва ғайра  мароқ  зоҳир  карда  шуд. Сарони  ҳар  ду  давлат  зарурати   амалӣ  сохтани  Барномаи   ҳамкории  иқтисодии  Тоҷикистону  Туркманистонро  барои  солҳои  2010 – 2012  таъкид  намуданд. Инчунин  ба  мақсад  мувофиқ  дониста  шуд, ки  ҳамкорӣ  дар  соҳаи  омода  сохтани  мутахассисон давом дода  шавад. Зимни  мулоқот   масъалаи  гузаронидани  Рӯзҳои  фарҳанги  Тоҷикистон  дар  Туркманистон ва Рӯзҳои  фарҳанги  Туркманистон дар  Тоҷикистон  низ  муҳокима  карда шуд,  хабар  дод Э.Раҳмон. Сардори  давлати  Тоҷикистон   зикр  кард, ки   дар  ҷараёни  мулоқот   проблемаҳои  истифодаи  оқилонаи  захираҳои обу  энергетика  низ  мавриди баррасӣ  қарор  гирифтанд.  «Ман  мавқеи  қатъии   Тоҷикистонро  дар  ин  масъала  бори дигар  таъкид  намудам. Мавқеи  мо зарурати  қонунӣ  ва  мантиқии  истифодаи  сарватҳои  табиии   худ,  аз ҷумла  обро барои таъмини иқтисодиёт ва аҳолии  мамлакат  дар  бар  мегирад. Мо  ҳамчунин  дар  ин  бобат  манфиатҳои  умумии  мамлакатҳои  минтақаро  ба  назар  хоҳем  гирифт. Мамлакатҳои  минтақа ва  ҷомеаи  ҷаҳон  ба  хубӣ  медонанд, ки  халқи  тоҷик  дар  давоми  солҳои охир     то  шаш моҳ  дар  фасли  зимистон аз  имконияти  истифодаи   қувваи  барқ  ва  гармӣ  маҳрум  мегардад. Бояд  таъкид  кард, ки  тоҷикон   низ мисли  халқҳои  дигар  сазовори  зиндагии  шоиста    мебошанд. Дар баробари  ин,  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мисли  пештара  принсипи  ҳамкории самарабахши  мутақобилан  муфиди  минтақавиро  ҷонибдорӣ  менамояд. Таҳкими  боварӣ  ба  ҳамдигар  ва  вусъати  равобити  дӯстонаи  халқҳои  Осиёи  Марказӣ,  рафту  омади озодонаи  мардум   ба  кишварҳои  ҳамдигар,  муомилоти  озоди  молу  хизмат  ва  сармоя  дар  байни  мамлакатҳо аз  ҷумлаи  масъалаҳои  муҳимтарини  сиёсати  минтақавӣ  ба  шумор  мераванд,  гуфт  Сарвари  давлати  Тоҷикистон. Ҷонибҳо  ба  мақсад  мувофиқ  будани  идомаи   машваратҳои  сиёсӣ  ва   мулоқотҳои  дуҷонибаю  бисёрҷонибаро  бахшида ба  ҳалли  проблемакҳои  минтақавию  байналхалқӣ таъкид  намуданд. Эмомалӣ  Раҳмон зикр  кард, ки  зимни  сӯҳбат   мувофиқати  ҳар  ду  ҷониб дар  масъалаи  барқарор  сохтани  иқтисодиёт ва   сулҳу  субот  дар  Афғонистони  ҳамсоя  ва   равнақу  ривоҷи  ҳамкорӣ  бо  ин  мамлакат  дар  мубориза ба  муқобили  терроризм,  хариду  фурӯи  ғайриқонунии  маводи нашъадор,  ҷинояткории  муташаккилонаи  минтақавию  байналхалқӣ ва  зуҳуроти  дигари   номатлуби  замони  ҳозира  таъкид  карда шуд. Сарони  ҳар ду  давлат  ба  сохторҳои  дахлдори  мамлакатҳояшон  супориш  доданд, ки бо  вазорату  идораҳои  дахлдори  Афғонистон  масъалаҳои  сохтмони  муштараки  роҳҳои  мошингард, газопровод ва хати  интиқоли  барқро   дар  байни  Тоҷикистону  Афғонистон ва  Туркманистон  мувофиқа намоянд. Тоҷикистон  гузаронидани конфронси  байналмилалиро  дар  давоми  соли  равон дар  Туркманистон  бахшида ба  проблемаҳои  халъи   силоҳ  дар  Осиёи  Марказӣ  ва  ҳавзаи  баҳри  Хазар ҷонибдорӣ  карда,  изҳор  менамояд, ки  дар он  фаъолона  ширкат  хоҳад  варзид.  Президенти  Туркманистон  Қурбонгулӣ  Бердимуҳаммадов  изҳор  намуд, ки   имрӯз  зимни  мулоқот бо  Президенти  Тоҷикистон  вазъияти  ҳозира  ва  нақшаҳои  дурнамои  муносибатҳои  дуҷониба ва масъалаҳои дорои  аҳамияти  минтақавию  байналхалқӣ  муҳокима шуданд. Вай  зикр намуд, ки  мулоқоти  сарони ҳар  ду  давлат  дар  рӯҳияи  анъанавии  муносибатҳои  ҳар  ду  кишвари  дӯст,  ба  таври ошкоро  ва  самимона  баргузор  гардиданд. Гуфтушуниди  мо  ба рушди  ҳамкорӣ  ва  муносибатҳои  неки  ҳамсоягии  халқҳоямон  мусоидат  хоҳад  кард,  гуфт Қ.Бердимуҳаммадов. Мо  ба  вазъияти  имрӯзаи  муносибатҳоямон  бо  Тоҷикистон баҳои баланд  медиҳем,  ин  муносибатҳо  муттасил ва  бемайлон густариш  меёбанд. Имрӯз  дар  фарҷоми   гуфтушунид  ҳуҷҷатҳои  муҳим  имзо  шуданд.  Тоҷикистон  дар  минтақаи  Осиёи  Марказӣ  яке  аз  шарикони   муҳим  ва  боэътимоди  мо  мебошад. Тоҷикистону  Туркманистон якҷоя  барои   ҳалли  проблемаҳои  Афғонистон бо роҳҳои  мусолиматомез  кӯшиш  ба харҷ  медиҳанд. Президенти  Туркманистон  роҷеъ ба  масъалаҳои   истифодаи оқилонаи   захираҳои об   дар  Туркманистон  дахл  намуда  гуфт, ки  дар  воситаҳои ахбори оммавӣ  роҷеъ  ба  масъалаи   сохтмони  обанборҳо  дар  Туркманистон  хабарҳои  беасос   чоп  мешаванд. Мо   дар  мамлакати  худ  Кӯли  зарринро  бунёд  менамоем, ки  барои  ҳифзи  экология  ва  истифодаи оқилонаи об  пешбинӣ   карда  мешавад, гуфт Қ.Бердимуҳаммадов. Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон дар  фарҷоми  сӯҳбат ба  Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои  саҳми  калонаш  дар  рушди  муносибатҳои   дӯстонаи Тоҷикистону  Туркманистон  мукофоти  давлатӣ —  ордени «Исмоили  Сомонӣ» дараҷаи  аввалро  супорид.

Март 18, 2010 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 73 фоизи аҳолии калонсоли ноҳияи Тоҷикобод дорандаи корти бонкӣ мебошанд
30 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Хонандагони пойтахт дар Олимпиадаи байналмилалии «IKO-2025» сазовори 8 медал шуданд
29 ИЮЛ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАЛАНГ. Солҳои охир дар сайёра теъдоди ин ҷонвар кам мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 3 тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
29 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳ аз ноҳияи Фирдавсӣ қариб 1700 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 34 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад