ИЗОФАНАВИСӢ ДАР КАБУДИЗОРКУНӢ
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист ва экологияи вилояти Суғд Сайдамин Исомиддинов, дар асоси рақамҳои пешниҳод кардаи корхонаю идораҳо дар давоми даҳ соли охир беш аз 50 млн. бех ниҳолу гулу буттаҳо шинонда шудааст, аммо санҷишҳои аз ҷониби мутахассисони раёсати мазкур гузаронидашуда нишон дод, ки ин рақамҳо чандон ба ҳақиқат наздик нестанд. Масалан, дар ҷамоати Гули сурхи ноҳияи Истаравшан ба ҷои 16 ҳазор бех ниҳоли дар ҳуҷҷат нишондодашуда, 13 ҳазор ва ба ҷои 44 гектар токзори нав 20,7 гектар, дар ноҳияи Мастчоҳ ба ҷои 40 ҳазору 750 бех 1247 бех, дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ҳамробоев, Ортиқов ва «Патар» -и ноҳияи Конибодом ниҳолҳои шинондашуда 50 фоизи дар ҳуҷҷатҳо нишондодашударо ташкил медиҳанд. Мутаассифона, чунин изофанависиҳо дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ вуҷуд дорад, аммо ягон роҳбари корхонаю идора ба ҷазо кашида нашудааст. Ва инак бо омадани фасли баҳор ва оғози ниҳолшинонӣ боз кӣ медонад, ки чӣ қадар ниҳоли нашинонда рӯи коғаз шинондашуда оварда мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






