КӢ БА КАДОМ ВАЗИФА ТАЪИН ШУД?

Март 10, 2010 15:52

Душанбе,  10 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  имрӯз  дар  бораи  роҳбари Дастгоҳи  иҷроияи   Президенти  ҷумҳурӣ  таъин гардидани   Матлубхон  Давлатов  фармон  имзо  кард. М.Давлатов  дар  ин  вазифа  Амиршо  Миралиевро  иваз  намуд, ки  мувофиқи  рӯйхати  ҳизбӣ  вакили Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  ҷумҳурӣ  интихоб  гардид. Матлубхон  Давлатов   соли  1970  факултаи  иқтисоди  Донишгоҳи давлатии  Тоҷикистонро хатм  кардааст. Ӯ номзади   илми  иқтисод  мебошад. Фаъолияти  меҳнатии  ӯ  аз  соли  1972  шурӯъ  мешавад. Мавсуф   зимни  фаъолияти  меҳнатиаш   аввал  дар  вазифаҳои  корманди  хурди  илмӣ,   аспирант,  корманди   калони  илмӣ,  мудири  сектори  Пажӯҳишгоҳи  иқтисодии  Академияи  илмҳои   ҶШС  Тоҷикистон  кор  кардааст. Аз  соли  1983  то  соли  1988   котиби  Кумитаи  ҳизбии  Академияи   илмҳои  ҶШС  Тоҷикистон,   аз  соли 1988 то  соли  1990  корманди  пешбари  илмии  Пажӯҳишгоҳи  иқтисодиёти  Академияи  илмҳо,  аз  соли  1990  то  соли  1994 аввал  сармутахассис  ва  баъд  муовини  раиси  Кумитаи давлатии  идораи  амволи   давлатии  назди   Ҳукумати  ҷумҳурӣ буда,  ҳамзамон  аз  моҳи  октябри  соли  2001 дар  вазифаи   раиси  Комиссияи  ҷумҳуриявии  хусусигардонӣ  кор  кардааст. М.Давлатов соли  2006 раиси  Кумитаи  назорати   давлатии  молиявӣ ва 31  январи  соли  2006 мушовири  давлатии Президент  дар  масъалаҳои  иқтисодӣ  таъин  гардид. Тибқи  амри Президенти  ҷумҳурӣ  Эмомалӣ  Раҳмон  Нурали Риёев  мудири  шӯъбаи ташкилии  Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон таъин  гардид.  Ҳамчунин  Абдусаттор  Раҷабов  мудири  шӯъбаи  мудофиа  ва  тартиботи  ҳуқукии  Дастгоҳи  Иҷроияи  Президенти  ҷумҳурӣ  таъин  карда шуд. Мухбири  АМИТ «Ховар» ёдовар  мешавад, ки  Н.Риёев ва А.Раҷабов   қабл  аз  ин  вакилони  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  олии  ҷумҳурӣ  буданд. Имрӯз  инчунин  бо  қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҷамолиддин  Камолович  Нуралиев   муовини  аввали  вазири  молияи  ҷумҳурӣ  таъин  гардид.  Вай  қабл  аз  ин  муовини  вазири  молия   шуда  кор  мекард. Бо  қарори  дигари  Ҳукумати  мамлакат  Гулнора  Ҳасанова  раиси  Бонки  давлатии  амонатгузории «Амонатбонк» таъин  карда шуд.  Ӯ  дар  ин  вазифа  Маҳмадамин Маҳмадаминовро  иваз  кард. Г.Ҳасанова  то  ба  вазифаи  нав таъин  гардиданаш  муовини  аввали  раиси  Бонки  давлатии  амонатгузории  «Амонатбонк» буд.

Март 10, 2010 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд