КӮМАКИ «ХОВАР» БА ХОНАИ БАЧАҲО

Март 15, 2010 14:12

Шӯроб, 15 март. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Муовини директори Агентии Миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»  Назрулло Валиев дар арафаи иди Наврӯз барои  расонидани кӯмак ба хонаи бачагонаи № 1-и Шӯроб рафт. Иҷрокунандаи вазифаи директори хонаи бачагон Ирина Ғаниева қайд намуд, ки тарбиягирандагон аз сарпарастони худ хело хурсанданд, зеро онҳо барои бачагон дастурхони идона оростанд. Пеш аз ин сарпарастони мо  ба хонаи бачаҳо телевизор ва видеомагнитофон тӯҳфа карда буданд. Дар соли нав бошад ба бачаҳо намоиши солинавӣ ва тӯҳфаҳои беҳтарин тақдим карда шуданд. Мо  аз дастгирию кӯмаки  роҳбарият ва кормандони АМИТ «Ховар» сипосгузорем. Кормандони АМИТ «Ховар» ба тарбиягирандагони хонаи бачагони №1 воситаҳои санитарию гигиенӣ, маводи шустушӯ, воситаҳои безараркунанда ва ғайра фиристоданд. Мактаб-интернати бачагонаи № 1-и шаҳри Шӯроби вилояти Суғд соли 1997 таъсис дода шудааст. Имрӯз Хонаи бачагон аз бинои калони дуошёна ва се бинои дигар иборат аст, ки шароити хубро барои бачаҳо муҳайё сохтааст. Дар ин ҷо толорҳои калони варзишӣ, синфхонаҳо ва ҷои хоб, ки бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳазонида шудааст дар хизмати бачаҳо мебошад. Маблағи таъминоти хонаи бачагон аз ҳисоби буҷаи давлат ҷудо карда мешавад. Айни ҳол дар хонаи бачагон 36 тарбиягиранда аз сини даҳ моҳа то шонздаҳсола зиндагӣ мекунанд. Ин бачаҳо аз оилаҳои камбизоат ва бепарастор мебошанд. Тарбиягирнадагони аз сини 7 сола боло дар мактабҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ таҳсил мекунанд.

Март 15, 2010 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст