КӮМАКИ МОДДӢ БА 250 НАФАР МАЪЮБОН
Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрўз аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврўз ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси ноҳияи Ҳисор маводи хўрока супорида шуд. Маводи ғизоӣ аз орд, равған, гўшт, картошка, шакар, пиёз ва ғайра иборат мебошад. Бояд гуфт дар ин мактаб 250 нафар толибилмон аз синфи 1 то 9 ҳам табобат карда мешаванд ва ҳам сабақ мегиранд. Аз ин теъдод 130 нафар маъюбони пой ва 120 нафар маъюбони сар мебошанд. Инчунин ба тарбиятгирандагон оши идона ташкил намуда, барномаи консертии ҷолиб доир карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






