КАМБИЗОАТОН 5 МЛН. ЕВРО ДОРАНД
Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар доираи Барномаи нави худ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар деҳоти вилоятҳои Суғду Хатлон изҳор дошта аст, ки ин ташкилоти бонуфузи аврупоӣ барои аз сатҳи камбизоатӣ баровардани сокинони деҳоти ин ду вилоят 5 млн. евро ҷудо менамояд. Барнома асосан барои табақаҳои камбизоати аҳолӣ баҳри ба даст овардни даромади бештари иктисодӣ, беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ, омӯзиши хоҷагидорӣ ва ҳифзи иҷтимоии онҳо, истифодаи самараноки манбаъҳои табиӣ ва тақвият бахшидани ҳокимияти маҳаллӣ нигаронида мешавад. Барнома барои 2 сол, солҳои 2010 – 2012 пешбинӣ шудааст. Маркази амалӣ шудани Барнома қарор ёфтани вилоятҳои Суғду Хатлон аз сатҳи пасти камбизоатӣ дар ин ду вилоят гувоҳӣ медиҳад. Бо мақсади ҳамкорӣ Комиссияи Аврупоӣ дар Тоҷикистон дар давоми солҳои 1992- 2009 беш аз 500 млн.евро ба ҶТ кӯмак намудааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






