КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР НБО-И РОҒУН

Март 4, 2010 14:18

Роғун, 4  март,(АМИТ «Ховар»,Зебо Давлатова)-Тавре ба хабарнигори АМИТ»Ховар» Котиби матбуотии Ҷ.С.К. НБО-и Роғун  Саидқул Қурбонов оид ба рафти сохтмон гуфт, ҳаҷми корҳои иҷрошуда дар моҳи январи соли 2010 ба 37,3 млн. сомонӣ баробар аст.Ҳамагӣ маблағҳои лозима 35,0 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои пардохти корҳои иҷрошудаи   моҳи январ  6,5 млн сомонӣ ва барои дастрас намудани таҷҳизот аз хориҷи ҷумҳӯрӣ ( конструксияҳои оҳанӣ,гидроподёмникҳо ва ғайра) 28,5 млн сомонӣ. Дар сохтмони НБО-и Роғун корҳои сохтмонию васлкунӣ ба маблағи 37311277 сомонӣ иҷро гардидаанд,аз ин миқдор бо қувваи пудратчии генералӣ — 25322124 сомонӣ иҷро шудааст. Қурбонов афзуд,ки ҳаҷми корҳои сохтмонию васлкунии иҷрошуда дар иншоотҳои минтақаи зериобшаванда 762431 сомониро ташкил медиҳад. Мутобиқи  ҳисобҳои  пешакӣ ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар моҳи феврал тахминан ба 28 млн.сомонӣ мерасад. Мувофиқи маълумотҳое, ки пудратчии генералӣ ва ташкилоту идораҳо пешниҳод кардаанд,миқдори мошину механизмҳо ва дигар таҷҳизотҳои дар сохтмон мавҷуд буда ба   17 феврали соли 2010 658 адад(аз ин миқдор  449 адад ба кор машғул аст) ва шумораи коргарони техникӣ бошад – 6856 нафарро ташкил медиҳад.Айни замон дар иншоот шумораи умумии идораву ширкатҳои гуногуни фаъолият дошта 39 адал (аз он ҷумла,28-адад дар сохтмони НБО-Роғун, 6 – адад дар сохтмони иншоотҳои минтақаи зериобшаванда ва 5-адад идораҳои лоиҳакашӣ — тадқиқотӣ).Бояд тазаккур дод,ки имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар самтҳои асосии зерин идома дорад: -тозакуни аз сангреза ва кӯҳпораҳо дар қисмати болоии даромадгоҳи нақби сохтмонии қабати якум,барои идомаи корҳои сементатсияи  қабати намак,- корҳои бетонрезӣ дар қисми даромадгоҳи обқабулкунаки нақбҳои 1 ва 2,  — барқароркунии нақби сохтмонии обгузари қабати 1-ум ва ғайра. Котиби матбуотии ҶСК НБО-и Роғун Саидқул Қурбонов дар анҷоми суҳбат қайд кард, ки ин рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО-Роғун  хуб идома дорад. Сохтмончиён шабу рӯз заҳмат кашида истодаанд.          

Март 4, 2010 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад