КОРИ ХАЙРУ САВОБ
Шаҳраки Сомониён, 15 март. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Дар рӯзи иди бостонии Наврӯз дар тарабхонаи «Ситора» -и маркази ноҳияи Рӯдакӣ тӯи суннатии 100 нафар писарбача баргузор мегардад. Ин иқдоми бисёр хуби инсондӯстона бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори ҳимматбаланд Ҳоҷи Раҷаб аз деҳаи Оли Сомони деҳоти Зайнабобод ва як идда саховатмандони дигар баргузор хоҳад шуд. Ҳоҷи Раҷаб барои кӯдакон дастурхони идонаи наврӯзӣ, барномаи консертӣ омода намудааст. Ҳамчунин бо ҳиммати баъзе саховатмандони дигар, аз ҷумла имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ба ҳар нафар писарбача сару либос, пойафзол ва 100 сомонӣ пул дода ҳоҳад шуд. Дар айёми гулгулшукуфии табиат баргузории тӯи муштараки 100 нафар писарбачагон аз ноҳияи Рӯдакӣ кори хайру савоб буда, барои наврасон умре фаромӯшнопазир аст!








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






