МАҲДУДИЯТИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ БЕКОР КАРДА ШУД
Душанбе, 22 март. (АМИТ «Ховар»). — Аз дафтари матбуоти ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мувофиқи дастури Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба шарафи таҷлили иди қадима ва байналмилалии Наврӯз дар саросари мамлакат маҳдудияти таъминоти қувваи барқ бекор карда шуд. Бояд гуфт, ки қарори бекор кардани маҳдудияти таъминоти қувваи барқ имсол нисбат ба соли гузашта 40 рӯз пештар қабул карда шуд. Дар робита маъмурияти «Барқи тоҷик» роҳбарон ва кормандони масъули корхонаю муассисаҳои мамлакатро даъват менамояд, ки қувваи барқро сарфакорона истифода бурда, пули қувваи барқи истифодашудро сари вақт супоранд. Танҳо дар мавриди риояи чунин қоидаҳо таъмини муттасили аҳолии мамлакат бо қувваи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон имконпазир мегардад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






