МАКТАБИ ҶОПОНӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ

Март 19, 2010 11:24

Душанбе,19 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳамасола кӯмакҳои башардӯстонаи давлати Ҷопон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш меёбанд. Ҷопон нафақат дар   сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ, балки  ба  соҳаи тиббу маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам маблағгузорӣ  менамояд. Соли ҷорӣ давлати Ҷопон ба соҳаи маориф 282 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ҷудо намудааст. Тибқи иттилои корманди масъули сафоратхонаи Ҷопон, соли 2010 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон боз як мактаб азнавсозӣ мешавад ва бо ин мақсад 95 ҳазор доллар ҷудо гардидааст. Дар соли таҳсили 2010 – 2011 хонандагони мактаби раками 24 — и  ноҳияи Панҷ дар мактабе, ки бо маблағи давлати Ҷопон сохта мешавад, таҳсил хоҳанд кард.

Март 19, 2010 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд