МАНЗИЛИ ЗИСТ БАРОИ ФОҲИШАҲОСТ?
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 11 марти соли равон аз ҷониби кормандони бахши кофтукови ҷиноии ВКД ҶТ дар ноҳияи Истаравшан далели мавҷуд будани фоҳишахонаҳо, даллагӣ ва занҷаллобӣ ошкор карда шуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, аз ҷумла, аз ҷониби кормандони бахши мазкур нисбати шаҳрванд Насриддин Маҳмадалиев бо моддаи 239 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд. Н. Маҳмадалиев посбони ҶММ «Аъзам» — и ноҳияи Истаравшан буда, мунтазам ба даллагӣ ва занҷаллобӣ машғул шуда, ҷои кориашро ба фоҳишахона мубаддал кардааст. Чунончи, ӯ ба ивази 20 сомонӣ ба шаҳрвандон Шарипов ва Абдураупова барои алоқаи ҷинсӣ карданашон шароит муҳайё намудааст. Далели шайъӣ — маблағ аз ҷониби кормандони бахши мазкур гирифта шуда, нисбати ҷинояткор чораҳои тафтишотӣ идома дорад. Ҳамчунин як далел аз ҷониби кормандони шӯъбаи 4 Раёсати кофтукови ВКД низ ошкор карда шуд. Дар натиҷаи гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Юрий Маринин, соли таваллудаш 1954, истиқоматкунандаи кӯчаи Ломоносови пойтахт дастгир карда шуд. Ӯ хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил додааст. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ дар хонаи ӯ шаҳрвандон Алимов бо Бурҳонова дастгир шудаанд. Муайян карда шуд, ки соҳибхона барои онҳо бо мақсади алоқаи ҷинсӣ карданашон шароит муҳайё намудааст. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






