МАРАФОН ДАР РӮЗИ ПОЙТАХТ

Март 3, 2010 09:01

Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба ифтихори таҷлили Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола  шанбеи сеюми моҳи апрел истиқбол гирифта мешавад, 17 апрел, соати 10-00 дар пойтахт баргузории нахустин марафони байналмилалии Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе қарор ба тасвиб расонд. Масъули баргузории марафони байналмилалӣ Раёсати ҷавонон, варзиш  ва сайёҳии шаҳри Душанбе мебошад. Тибқи қарори марбута Раёсати мазкур муваззаф гардидааст, ки то 20 марти соли ҷорӣ тартиби баргузорӣ ва хатти дави мусобиқаи мазкурро таҳия намояд. Аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳр ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки чорабинии мазкур бо иштироки марафонистони бародаршаҳрҳои Душанбе гузаронида мешавад. Бояд зикр кард, ки шаҳрдории Душанбе барои сазовор ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани Рўзи пойтахт тадбирҳои зарурӣ меандешад. Рўзи пойтахт барои кулли сокинон ба рӯзи меҳнати созанда ва рушду ободонии пойтахт табдил гардидааст. Инчунин, дар  ин рӯз тамоми озмунҳои касбии дар давоми сол эълондоштаи шаҳрдорӣ  ҷамъбаст карда шуда, ба ғолибон мукофотҳо тақдим карда хоҳад шуд.

Март 3, 2010 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад