МАРОСИМИ ГУЛГУЗОРӢ БА ПОЯИ ҲАЙКАЛИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Президенти Туркманистон Қурбогулӣ Бердимуҳаммадов чошти имрӯз дар доираи сафари давлатиаш ба Тоҷикистон ба нишони эҳтироми таъриху фарҳанги қадима ва пурғановати мардуми тоҷик ба пояи ҳайкали асосгузори давлати бузурги тоҷикон – Сомониён — Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт. Маросими гулгузорӣ дар вазъияти ботантана бо иштироки ҷузъу томҳои дастаи посбонони ифтихорӣ ва гурӯҳи мутрибони низомӣ дар майдони «Дӯстӣ» баргузор гардид. Меҳмони олиқадрро дар ҷараёни маросими мазкур Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва шахсони дигари расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки баъди анҷоми маросими гулгузорӣ мулоқоти Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров оғоз ёфт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






