МОДАРИ МАТБУОТИ ТОҶИКӢ 85 СОЛА ШУД

Март 15, 2010 14:09

Душанбе, 15 март(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-15 март аз рӯзи таъсиси нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» 85 сол пур шуд. Шумораи нахустини рӯзнома бо номи «Иди тоҷик» 15 марти соли 1925 дар Душанбе ба нашр расида, рӯзноманигори барҷаста   Аббос Алиев нахустин сардабири рӯзнома буд. Баъдан рӯзнома бо номҳои «Бедории тоҷик», «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони Советӣ», «Тоҷикистони Шӯравӣ» бо ҳуруфоти форсӣ, лотинӣ ва сириллик бо забони тоҷикӣ чоп шуда, аз соли 1991 бо номи «Ҷумҳурият»  нашр мешавад. Тавре сардабири  рӯзномаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ҷумҳурият» Камол Абдураҳимов дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт,  рӯзномаи «Ҷумҳурият» тавонистааст дар тӯли фаъолияти худ натанҳо рӯйдодҳои муҳими ҷумҳуриро инъикос намояд, балки дар ташаккули  матбуоти тоҷик саҳми боризе гузоштааст. Асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро беассос «модари матбуоти тоҷикӣ» наномида буд. Зеро рӯзномаи «Ҷумҳурият» замоне таъсис ёфт, ки ҳанӯз Тоҷикистон  кишвари мустақил набуд. Шоирону нависандагон ва шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик , ба мисли Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва садҳо тан аз олимону рӯшанфикрони тоҷик мақолаҳо ва матлабҳои пурарзишеро, дар рӯзнома ба чоп расондаанд.Соли 2000 –ум бо Фармони Президенти  Ҷумҳури Тоҷикистон рӯзномаи «Ҷумҳурият» мақоми нашрияи расмии Тоҷикистон дода шуд. Ҳамзамон, Камол Абдураҳимов, афзуд, ки дар робита ба таҷлили ҷашни 85- солагии нашрия китобе таҳти унвони «Ҷумҳурият: рӯзноманигорӣ, ватандорӣ» чоп шуд. Алҳол,  нақши рӯзнома дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус татбиқи сиёсати энергетикии мамлакат  калон буда, масъулини нашрия тасмим гирифтаанд, ки дар давоми соли  2010 беш аз 100 матлаби таҳлилии вобаста ба сохтмони НБО «Роғун»-ро  нашр созанд.  Алҳол,  дар нашрияи «Ҷумҳурият» беш аз 50 нафар кормандони эҷодию техникӣ фаъолияти босамар доранд. Рӯзнома ҳамзамон,  дар минтақаҳои гуногуни кишвар – Суғду Хатлон, Бадахшон ва минтақаи Рашт мухбирони махсус дорад. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар як ҳафта се маротиба  бо теъдоди 26 ҳазор нусха чоп мешавад. «Мо ният дорем, ки дар оянда нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамарӯза чоп шавад, мегӯяд, сардабири  «Ҷумҳурият» Камол Абдураҳимов.

Март 15, 2010 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст