МУҲОҶИРОН АЗ НБО-И РОҒУН МЕКӮЧАНД
Роғун, 10 март. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). — Тавре, ки раиси ҷамоати деҳоти Сичароғ Давлатой Даҳмардаева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, шумораи муҳоҷирони минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун 372 оиларо дар бар мегирад. Аз ин шумора 131 оила ба шаҳри Турсунзода кӯчонида мешаванд. Боқимондаи аҳолӣ ба деҳаҳои гирду атрофи шаҳр кучонида мешаванд ва бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ бо заминҳои манзили зист таъмин карда мешаванд. Бояд гуфт, ки то имрӯз 119 нафар муҳоҷирони экологӣ аз қайд бароварда шудаанд, ки (12 нафари онҳо дар муҳоҷиратии Руссия мебошанд). Давлатой Даҳмардаева афзуд,ки он муҳоҷироне, ки аз деҳаҳои Талхакчашма ва Сичароғ ба шаҳри Турсунзода муҳоҷир шуда мераванд ба ҳар як оила аз ҷониби мақомоти иҷроияи шаҳри Турсунзода ба масоҳати 8 сотиқ замин, барои бунёди маҳалли зист замин таъмин карда шудааст ва айни замон бунёди сохтмонҳои истиқоматӣ дар маҳаллаи нав нав оғоз гардидааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






