МУЛОҚОТҲО ДАР ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дирӯз бо раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев мулоқот кард. С.Лебедев ба Ҳ.Зарифӣ хабар дод, ки нозирони 7 давлати ИДМ ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ ҷараёни интихоботи Маҷлиси намояндагонро дар саросари Тоҷикистон назорат карданд. Онҳо барои ҳалли масъалаҳои марбут ба интихобот бо раисони Комиссияи марказии интихобот, ҳавзаҳо ва қитъаҳои интихоботӣ ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ мулоқотҳо анҷом доданд. С.Лебедев зикр кард, ки интихоботи парлумони Тоҷикистон мувофиқи принсипҳои демократия ва шаффофу муташаккилона гузаронида шуд. Ҳ.Зарифӣ ба фаъолияти ҳайати нозирони ИДМ дар назорати ҷараёни интихобот баҳои мусбат дод. Сипас раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ роҷеъ ба масъалаҳои гузаронидани маҷлиси навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ сухан ронд, ки 26 март дар Маскав баргузор мегардад. Қайд карда шуд, ки ба рӯзномаи маҷлис масъалаи иловагии таҷлили 20 – солагии ИДМ дохил карда хоҳад шуд. С.Лебедев ба фаъолияти Тоҷикистон дар доираи ИДМ баҳои қаноатбахш дод. Мусоҳибон инчунин масъалаҳои дигари мавриди назарашонро муҳокима намуданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон инчунин бо ҳайати нозирони Ассамблеяи парлумонии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо мулоқот кард. Роҳбари ҳайати нозирони САҲА Пиа Кристмас – Мюллер дар бораи фаъолияти нозирон сухан ронда, зикр кард, ки интихоботи парлумони Тоҷикистон дар вазъияти орому осуда баргузор гардида бошад ҳам, дар ҷараёни гузаронидани он камбудиҳои ҷиддӣ мушоҳида карда шуданд. Ҳамрохон Зарифӣ зикр намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои гузаронидани интихоботи шаффофу демократӣ дар мамлакат ҳамаи шароитро муҳайё сохт. Барои таъмини фаъолияти нозирони байналхалқӣ низ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Қайд карда шуд, ки ҳамаи пешниҳодҳо ва тавсияҳои нозирон ба инобат гирифта мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ҳ.Зарифӣ ва мусоҳибонаш инчунин масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, таъмини амнияти сарҳадҳо ва мусоидат ба барқарор сохтани иқтисодиёти Афғонистонро муҳокима карданд.








Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст






