МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО ҲАЙАТИ САҲА

Март 31, 2010 10:40

Душанбе,  31 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Вазири  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҳамрохон  Зарифӣ  29  март  дар шаҳри  Душанбе  бо  ҳайати  Созмони  амнияту  ҳамкории   Аврупо таҳти роҳбарии   директори Маркази  пешгирии  муноқишаҳои  созмон,  сафир Герберт  Залбер  мулоқот  кард. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  ҳайати  САҲА  барои  иштирок   дар  маҷлиси  гурӯҳи  мақсадноки  густариши  ҳамкории  созмон  бо Тоҷикистон  ба  Душанбе  омадааст. Маҷлиси  мазкур  30  март  кушода  шуд.  Зимни  мулоқот   натиҷаҳо  ва  нақшаҳои  ҳамкории  Тоҷикистону  САҲА  дар  масъалаҳои  ҳарбию  сиёсӣ,  иқтисодию  экологӣ  ва  гуманитарӣ  муҳокима  шуданд. Ҳамрохон  Зарифӣ  котибот ва  раёсати  ҳозираи  созмонро  даъват  намуд, ки барои  мусоидат  ба  ҳамкории  мутақобилан  муфиди  мамлакатҳои  аъзои  созмон,  хусусан  мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ  тадбирҳои  судбахш  андешанд.

Март 31, 2010 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд