МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО ҲАЙАТИ САҲА
Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 29 март дар шаҳри Душанбе бо ҳайати Созмони амнияту ҳамкории Аврупо таҳти роҳбарии директори Маркази пешгирии муноқишаҳои созмон, сафир Герберт Залбер мулоқот кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳайати САҲА барои иштирок дар маҷлиси гурӯҳи мақсадноки густариши ҳамкории созмон бо Тоҷикистон ба Душанбе омадааст. Маҷлиси мазкур 30 март кушода шуд. Зимни мулоқот натиҷаҳо ва нақшаҳои ҳамкории Тоҷикистону САҲА дар масъалаҳои ҳарбию сиёсӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ муҳокима шуданд. Ҳамрохон Зарифӣ котибот ва раёсати ҳозираи созмонро даъват намуд, ки барои мусоидат ба ҳамкории мутақобилан муфиди мамлакатҳои аъзои созмон, хусусан мамлакатҳои Осиёи Марказӣ тадбирҳои судбахш андешанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






