МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ХУАН МИРАНДА

Март 16, 2010 07:49

15 марти соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки осиёии рушд Хуан Мирандаро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Бонки осиёии рушд баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Бонки осиёии рушдро «яке аз калонтарин донорҳои Тоҷикистон» номид. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи солҳои гузаштаи ҳамкорӣ Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон ба маблағи 372 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, бо 162 миллион грант ва  ба 34 миллион доллари амрикоӣ кўмаки техникӣ ҷудо намудааст. Гуфтугўйи судманд оид ба татбиқи тадбирҳои зиддибўҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсионии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказию ҷанубӣ сурат гирифт.  Хуан Миранда ба тадбирҳои зиддибўҳронии Ҳукумати Тоҷикистон баҳои баланд дода, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва бахши иқтисодии ҳукумати мамлакатро «бо татбиқи муваффақона ва босамари ин тадбирҳо» табрику таҳният гуфт. Ба гуфти Хуан Миранда соли равонро Тоҷикистон бо натиҷаҳои намоёни пешрафт ҷамъбаст хоҳад намуд. Иттилоъ дода шуд, ки барои татбиқи минбаъдаи тадбирҳои зиддибўҳронии Ҳукумати Тоҷикистон Бонки осиёии рушд зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мекунад ва имкон дорад, ки  ин маблағ боз ҳам зиёдтар шавад. Хуан Миранда изҳор дошт, ки «Бонки осиёии рушд сиёсати энергетикии Тоҷикистон ва дар он мақоми марказӣ доштани сохтмони нерўгоҳи Роғунро маъқул дониста, минбаъд  дастгирии  лоиҳаҳои ин соҳаро аз афзалиятҳои асосии ҳамкории худ бо Тоҷикистон қарор медиҳад» ва афзуд, ки «мо ҳамчунин даъвати Тоҷикистонро оид ба гузарондани асоснокии иқтисодӣ – техникӣ ва иҷтимоӣ – экологии сохтмони нерўгоҳи Роғун дар сатҳи баланди байналмилалӣ маъқул мешуморем ва омода астем, ки дар ин кор ҳамаҷониба мусоидат кунем». Ба иттилои Хуан Миранда, Бонки осиёии рушд дар таҳияи асоснокии иқтисодӣ – техникии лоиҳаи сохтмони як қатор нерўгоҳҳои дигари Тоҷикистон, хатҳои интиқоли нерўи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва роҳи оҳани миёни Тоҷикистону Афғонистон бо пайвастшавӣ ба роҳҳои оҳани Туркманистону Эрон хеле пеш рафтааст. Ба гуфти ў, татбиқи марҳилаи якуми сохтмони хатти интиқоли барқи 500 киловолтаи КАСА – 1000, ки бояд шабакаҳои барқии Тоҷикистону қирғизистонро бо Афғонистону Покистон пайванд намояд, аз Тоҷикистон то мавзеи Пули Хумрии Афғонистон аллакай оғоз ёфтааст ва асосноккунии иқтисодӣ – техникии марҳилаҳои дигари он идома дорад. ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки сохтмони роҳи оҳани минтақавӣ низ дар қитъаи ҳайратон – Мазори Шариф оғоз ёфтааст ва то тобистони соли равон асосноккунии иқтисодӣ – техникии роҳи оҳани Тоҷикистон – ҳирот низ омода хоҳад шуд. Ба гуфти Хуан Миранда, «Бонки осиёии рушд орзу дорад, ки миёни Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он як шабакаи мултимодалии энергетикӣ ва роҳҳои оҳану мошингардро бунёд намояд» ва таъкид дошт, ки «Тоҷикистон бо имконоти энергетикӣ ва ҷуғрофии худ дар татбиқи ин ҳадаф мақоми басо муҳим дорад». Бо таъкид бар ин афзалиятҳо  Хуан Миранда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тадбирҳои пурарзиши дорои аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳду талошҳои ҳамешагӣ арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки «мову шумо хушбахтем, ки дар татбиқи ин лоиҳаҳо иштирок  мекунем ва ба мардуми азияткашидаи Афғонистон кўмакрасон мешавем». Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Март 16, 2010 07:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст